БА НОМИ М. С. ОСИМЙ
Муаллими калони кафедра
Чумаев Б.
Донишчуи курси I
Факултаи энергетикй
гурухи "6547А"
Умаров Нозим
Душанбе – 2003
Наќшаи кор:
1. Мовароунањри асрњои XVI-XVIII
2. Љангу низоъњои феодалї дар асри XVI
3. Тољикон дар асрњои XVI - XVIII
ТОЉИКОН ДАР АСРЊОИ XVI – XVIII
Дар асрњои XVI - XVIII ўзбекњои бодиянишин бо сардории Муњаммад Шайбонињои Мовароуннањри Марказї ва андаке баъдтар тамоми ќисмати боќимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – Шайбонї машњур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонандаи Чингизхон буд. Боби ў, Абулхайрхон, дар асри XVI давлати пуриќтидори бодияви ташкил намуд. Ќавму тоифањои туркзабони муттањидкардаи ў аз аслу насабњои гуногун иборат буданд. Онњо дар пањноњои бекарони дашту сањрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, њаёт ба сар мебурданд.
Душмани ашадии Темуриён дар ќисмати шимоли мамлакат моѓулњо ба шумор мерафтанд, ки Тошкентро маркази худ ихтиро карда буданд. Ваќте ки волии Бухоро бо ќўшуни худ ба тарафи Самарќанд равона шуд, Шайбонихон аз муњосира бархоста, ба муќобили ў шитофт ва дар роњ ин ќувваи аскариро торумор намуда, ба сўи Бухорои заифгардида њаракат кард. Аз муњосира њатто се рўз нагузашта аъёну ашроф ва рўњониён шањрро ба ў таслим намуданд. Гурўње саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна Султон Алиро тарафдорї мекарданд, гурўњи дигар хешовандони вай - Бобурро ба Самарќанд даъват намуда, таслими шањрро ба ў ваъда медоданд.
Акнун њарифи асосии Шайбонихон шањзодаи љавони темурї, асосгузори ояндаи давлати ТемуриёниЊинд Бобур гардид. Бобур барои кўмак ба њокимони гуногун мурољиат намуд, вале имдоде нарасид.
Сокинони шањр, сарбозон ва њатто наздикони Бобур ба ќањтї ва гуруснагї тоб наёварда, ба њар сў фирор мекарданд. Нињоят худи Бобур њам роњи гурезро пеш гирифт, шањри пойтахтии Самарќанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Муддате чанд Шайбонихон барои аз хатар эмин намудани аќибгоњи худ чорањои лозими дида, пас ба истилои мулкњои љанубии Темуриён камар баст. Дере нагузашта, Хоразм њам аз тарафи ќўшуни Шайбониён ишѓол карда шуд. Љињати иќтисодии ин мулкњои инъомї аз он иборат буд, ки мадохилот на ба хазинаи Шайбонихон, балки тамоман ё ќисман ба дасти мулкдорон шањру вилоятхо медаромад. Ба ин мулоњиза онњо ба харидани замин, иморатњои шањр ва устохонањо сар карданд. Бинобари ин аксар ваќт моли љабраи ситонидаи худро њамчун моли харида ба расмият медаровардан. Дар сарзамини пањновари давлати Шайбониён чанд сол сулњу осоиш њукумфармо гардид ва ин восита њаёти хољагии мамлакат ќадре рў ба бењбудї нињод. Ду давлати Шайбониён ва Сафавиён дар њамсоягии якдигар воќеъ гардиданд. Вале дар байни онњо сулњу сафо асаре набуд. Шайбонихон дар ќаламрави худ ба муќобили шиањо мубориза мебурд.
Дере нагузашта Шайбониён њамаи вилоятњои Осиёи Миёна Тошкент, Фарѓона, Њисор ва ѓайраро аз сари нав ба зери тасарруфи худ гирифтанд. Вале сарзамини Осиёи Миёна тамоман ба харобї рў нињода буд. Нарху наво баланд рафта, дар як ќатор мањалњо ќањтию гуруснагї руй дод. Дар сарчашмањо махсусан ањволи табоњи мардуми вилоятњои Њисор ва Самарќанд ба тафсил баён ёфтааст. Аќидае мављуд аст, ки умуман дар асри XVI масоњати заминањои кишт хеле кам гардидааст.
Дар асри XVI љангу низоъњои феодалї як њодисаи муќаррарї гардид. Соли 1583 Абдулло, ки бо номи Абдуллохони 2 маъруф гардидааст бар хилофи русуми мављуда, ки мебоист фарзанди калонии хонадон ба тахт менишаст, њукумрони мамлакат эълон карда шуд. Дар соли 1584 Абдуллохони 2 Бадахшонро забт карда, соли 1588 Њирот ва пас бисёр шањрњои дигари Хуросон ба тасарруфи ў даромаданд. Љангу низоъњои муттасили феодалие, ки таќрибан муддати панљоњ сол дар сарзамини Осиёи Миёна давом карданд, барои тиљорат ва гардиши пул вазъияти хеле номусоид ба миён оварданд. Буњрони муомилоти пўлї ба андозае танду тез гардида буд, ки мудохилаи чиддиро талаб мекард. Акнун пулњое, ки асосан дар Бухоро бароварда мешуданд, берун омада, дар саросари давлат баробар ба гардиш даромаданд. Дар асри XVI замин аз рўи њуќуќи моликият, мисли пештара, ба 5 категория таќсим мешуд. Ва нињоят, чунон ки аз санадњои асри XVI ва даврањои минбаъда маъмул мешавад, давлат заминњои милкро беш аз пеш њамнчун захирае барои подоши феодалї истифода менамуд.
Вазни ќиёсии заминњои категорияи милки њурри холис дар асри XVI он ќадар калон набуд. Захирањои заминњои ваќф дар асри XVI, њам аз њисоби заминњои милк ва њам як андоза аз њисоби заминњои милк њурри холис, ѓанитар гардид. Мушоњидањои ѓайримустаќим нишон медињанд, ки захираи ин ќабил заминњо дар асри XVI ва даврањои баъдина торафт кам мешуд. Дењќонон замини худро ба феодалони давлатманд мефурухтанд. Ањволи дењќонони безамин иљоранишин нињоят дараља бад буд. Дар асри XVI, мисли даврањои гузашта, воњиди асосии хољагї њамоно хољагии дењќонї ба шумор мерафт. Заминњои њама гуна категорияњо ба тариќи иљора ба дењќонон дода мешуд.
Тањќиќи сабабњои тадриљан, вале устуворона ка шудани истењсолоти молї ва тиљорати пўли дар асри XVI ва суръати бештар дар асри XVIII хеле ќобили таваљљўњ аст.
Дар асри XVI Абдуллохони 2 барои хотири шайхони бонуфуз ва давлатманди Љўйборї тамоман амлоки бузурги ононро ба њудуди шањр дохил намуд. Дар асри XVI таърихнигорї њам ба тараќќиёти худ давом намуд. Чунин асарњои асарњои барљастаи таърихї, аз ќабили Хондамир, воќеањои таърихи умумї ва тарљумаи њоли одамони машњурро баён кард. Барои омўхтани таърихи Осиёи Миёна асри XVI аз муњимтарин сарчашмањо ба њисоб мерафт.
Абдуллохони 2 соли 1598 вафот кард ва ба љои ў писараш Абдулмўъмин ба тахт нишаст. Лекни азбаски ў монанди падараш дар мамлакатдорї таљрибаи кофї надошт, гурўњњои хусуматпарвари аъён ва ашрофи феодалиро натавонист на ба тарафи худ кашад ва на дасти онњоро кўтоњ намояд. Дере нагузашта, худи њамон сол, вай аз тарафи нўкари зархариди як гурўњ феодалони зидди њукумати марказї кушта шуд. Охирин намояндаи сулолаи Шайбониён Пирмуњаммадхони 2 фаќат ба як ќисмати ночизи давлат соњиб буд. Ў њам ба зуди дар љангу низоъњои байнихудї њалок гардид.
Дар давраи њукумронии кўтоњмуддати Убайдуллохон муборизаи байни њукумати марказї ва феодалон хеле щиддат ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанатии Љониён буд, ки дар роњи мањдуд намудани худсарињои феодалон ва пурќувват кардани њокимияти маркаи саъю кўшиши зиёде ба харљ дод.
Дар асрњои XVI – XVIII омаи халќњои Осиёи Миёна хеле фаъол шуданд ва онњоро дар муборизаи зидди амирони саркаш ба худ муттафиќ гардонидани хон барояш манфиати зиёде меовард. Убайдуллохон ба ислоњоти пул умеди калон баста буд. Хонњои сулолаи Љониён дар зарфи асри XVIII сикказаниро њамчун манбаи даромад дониста, муттасил пул мебароварданд. Онњо иёри пулро гоњ паст ва гоњ баланд намуда, дар охирњои асри XVIII зарби сиккањоро ба дараљае расониданд, ки дар тангањо њамагї 22,5% нуќра монда буду халос. Убайдуллохон бошад пулњое баровард, ки иёрашон хеле баланд буд, яъне тангањо 35% нуќра доштанд. Ў дар давоми њафт сол, дар чї вазъияте ки бошад, ба таѓйири пул њамчун манбаи даромад роњ надод. Дар Бухоро кори савдо ќатъ гардид. Тољиорн ва косибони шањр дўкону корхонањояшонро бастанд. Ин воќеаъ камбаѓалон ва гурўњњои мењнати ањолиро бисёр танг кард. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Тудањои мардуми шањр, аксаран одамони бенаво шўриш бардошта, ба тањдид ва фарёд ба арк њуљум карданд ва ба њолати аввал овардани вазъияти шањрро талаб намуданд. Шўриши халќ охир фурў нишонда шуд, чанд кас ба ќатл расид. Акнун пули кўњна на ба як, балки ба ду пули нав баробар шуд. Убайдуллохонро тарафдори мекарданд, ба душмани ў мубаддал сохт. Ин буд, ки дар сиёсати дохилї имкони анљом додани ягон кори мусбати ба назар намоёне фароњам наомад.
Пас аз њалокати Убайдуллохон бародараш Абулфайзхон ба тахт нишаст. Дар замони њукумронии ин охирин намояндаи асосии сулолаи Љониён њукумати маркаї иќтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонї ба ќисмњои мустаќили људогона таќсим мегардад. Абулфайзхон њукумфармо буд, сухан меронад. Онњо барои савдо дар бозорњои Бухоро њуќуќи номањдудеро соњиб шуда, мардумро ѓорат менамуданд. Ин њама заду хўрдњои байнихудии хонњо ва бедодгарињои беамсоли феодалон аз њаёти пурмашаќќати халќњои Осиёи Миёна дар ањди њукумронии Љониён шањодат медињанд.
Дар асри XVIII дар сарзамини Осиёи Миёна, алалхусус дар вилоятњои марказии он таназзули амиќи иќтисодї рўй дод. Хољагии ќишлоќ аќиб рафт. Шабакаи обёри кам шуд. Хурока намерасид.
Процесси камшавии милкњои ин гурўњи, нисбатан имтиёзноки дењќонон дар асри XVI њам ба назар мерасид, вале дар замони Љониёни алалхусус дар вилоятњои марказии Осиёи Миёна ин ќабил соњибони милк тамоман хонахароб гардиданд.
Дар натиљаи зулму истисмори берањмона ва хирољу молиётситонињои аз њад афзун дењќонончунон њам ба фаќирї ва нотавонї афтоданд, ки дар асри XVIII њукумат дигар ба зиёд кардани хазина бурида шуд, зеро хавфи љунбиши калоне тањдид менамуд. Дењќонон умуман аз њар тараф њамлаву фишор дучор мешуданд.
Дар асри XVIII љунбишњои халќї чунон бисёр сар мезаданд, ки њатто муаррихони дарбор, бигззор ѓаразолуд ва рўпўшида бошад њам, аз зикри онњо гурез надоштанд. Дар ин аср вазъияти халќ боз њам бадтар гардид. Вазъияти умумии пулдорї ва сиёсати њукумат дар соњаи пулбарорї ва гардиши пул низ барои касбу њунар ва тиљорат номусоид гардид. Ба болои душворињои аз њилаву найранги ќурб ба миён омада, ки њанўз дар асри XVI чун барои гароне бар дўши касбу њунар ва тиљорат афтода буд.
Вазъияти даври баъдина ба пешрафти бинокорї, меъморї санъат ягон ќадар мусоидат накард. Дар ин асри XVIII давраи харобии иќтисодї, хуруљи љангњои дохилї, ба вайронї рў овардани шањру дењот, сар задани шўришњои халќї, дубора ављ гирифтани тохтутози хевагињо, њуљуми тоифањои бодиянишин ва ќушунњои аљнабї буд. Дар ин ваќт махсусан ноњияњои марказии Мовароунањр ва вилояти Балх зарар диданд. Дар натиљаи ба њар тараф фирор кардани ањоли чунин марказњои маданї, монанди Бухоро ва Самарќанд беодам монданд. Табиист, ки аз ин замони ошуфта ва тира њељ як ёдгории муњими меъморї ва њунарї боќи намондааст.