1. Мафхум ва шаклхои азнавташкилдихи
Мутобики кодекси граждании Чумхурии Точикистон моддаи 58 яке аз роххои бархамдихии ташкилотхои тичорати ин бо рохи азнавташкилдихи ба шумор меравад. Дар моддаи 58 чунин мафхуми азнавташкилдихи нишон дода шудааст:- Азнавташкилдихии шахси хукуки (муттахидшави, хамрохшави таксимшави, чудошави, табдил додан) метавонад бо карори муассисони (иштирокчиёни) он ё макоми шахси хукукие, ки мутобики хуччатхои таъсис дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварда шавад. Мафхуми азнавташкилдихи ба таври пурра дар конунгузори гуфта нашудааст.
Аз мафхуми дода шуда чунин намудхои алохидаи азнавташкилдихиро чудо намудан мумкин аст. Ба накшаи №1 назар меафканем.[1]
Дар мавриди азнавташкилёбии ташкилотхои тичорати, субъекти мазкур фаъолияти худро катъ мегардонад, лекин хукуку ухдадорихои у ба ташкилоти дигари тичорати мегузарад. Инро дар адабиётхои хукуки хукуккабулкунии универсали меноманд[2]. Бояд кайд намуд ки мафхуми шахсони хукуки хеле васеъ буда ба он хам чамъиятхои сахоми хам чамъияти дорои масъулияти махдуд, ба таври дигар гуем хам ташкилотхои тичорати ва хам ташкилотхои гайритичорати дохил шуда метавонанд.
Азнавташкилдихи ин на факат бархамдихии ташкилотхои тичорати инчунин яке аз роххои пайдо шудани ташкилотхои нави тичорати ва гайритичорати ба хисоб меравад ба гайр аз азнавташкилдихие, ки бо рохи хамрорхшави гузаронида мешавад.[3]
Максад ва мохияти азнавташкилдихи ин дигар кардани макоми шахси хукуки мебошад.
Чи тавре ки номбар намудем азнавташкилдихи бо роххои зерин амали карда мешавад:
1. Муттахидшави – вакте ки ду ва зиёда ташкилотхои тичорати бо розигии макомоти зиддимонополисти ва ё ба таври ихтиёри фаъолияти худро муттахид мегардонанд ва дар натича як ташкилоти нави тичорати ба вучуд оварда мешавад. Тартиби баамал баровардани мутахаидшави дар асоси хохишу иродаи ташкилотхо ва шартнома дар бораи мутахидшавии ташкилотхо гузаронида мешавад. Чи хеле ки дар боло кайд намудем бо розигии макомоти зиддиинхисори ташкилотхо фаъолияти худро муттахид мекунанд. Мувофики конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол» аз 29.11.2000 агар маxмeи восита[ои молию пулии ташкилотхо аз рeи баланси охирин аз андозаи дусад хазор хадди акали музди мехнат зиёд бошад хатман розигии ин макомот гирифта мешавад.[4]
2. Хамрохшави- вакте ки як ташкилоти тичорати ба фаъолияти ташкилоти дигар хамрох гардида фаъолияти худро катъ мегардонад дар асоси тавозуни хамрохшави хукуку ухдадорихои у ба ташкилоти дигар мегузарад. Бояд дар назар дошт, ки агар ташкилот тичорати бошад факат бо ташкилотхои тичорати хамрох шуда метавонад. Муассисон ва Шурои директорони ташкилоти хамрохшаванда ба ташкилоти дигар масъалаи хамрохшави, тасдики санади тахвил ва шартномаи хамрохшавиро пешниход мекунад. Дар хама холатхои азнавташкилдихи ташкилотхои нав ба вучуд меоянд ба гайр аз азнавташкилдихи бо рохи хамрохошави.
3. Таксимшави – вакте ки як ташкилоти тичорати мувофики нишондодхои тавозуни таксимшави ба ду ташкилоти алохида таксим карда мешавад. дар таксимшави хукуку ухдадорихо мувофики баланси таксимот ба ташкилотхои таксимшуда мегузарад.
4. Чудошави – вакте ки яке аз сохторхои асоси ё ин ки дохили хочагии ташкилоти тичорати чудо гардида хамчун шахси хукуки ба фаъолияти мустакил машгул мешавад. Бояд кайд намуд ки чудошави чунин шакле мебошад ки дар натичаи он ташкилоти тичорати катъ карда намешавад, баръакс ташкилоти нави тичорати ба вучуд меояд.[5] Чудошави ба таври озод дар натичаи кабули карори дахлдор дар бораи чудошавии ташкилот ва ё чамъият амали карда мешавад. Чи дар Чамъиятхои сахоми ва чи дар Чамъиятои дорои масъулияташ махдуд ин масъала яъне кабули карор ба салохияти Мачлиси умумии сахмдорон гузошта шудааст. Дар чамъиятхои сахоми талаботхои зеринро хангоми чудошави ба назар бояд гирифт:[6]
· Карор дар бораи азнавташкилдихи факат бо пешниходи шурои директорон пешниход карда мешавад ва аз чониби Мачлиси умуми кабул карда мешавад. Агар дар оинномаи чамъият тартиби дигаре набошад.
· Карор дар бораи азнавташкилдихи аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон, аз чор се хиссаи овозхои сахмдороне, ки сахмияи овоздор доранд кабул карда мешавад.
Хангоми чудошави тартиб ва шаклхои чудошави, таъсиси ташкилоти нав, табдили сахмияхои ташкилоти азнавташкилшаванда ба ташкилоти таъсисшаванда бояд аз чониби шурои директорон бо кабули карор хал карда шавад
5. Табдилдихии - ташкилотхои тичорати дар ин маврид ташкилотхои тичорати шакли ташкили хукукии худро ихтиёран ё бо тарики халномаи суд ба шакли дигар мубадал мегардонанд. Мисол хангоми аз 30 нафар зиёд шудани иштирокчиёни чамъияти дорои масъулияташ махдуд аз руи конун дар давоми як сол бояд ба Чамъияти сахомии шакли кушода табдил дода шавад. Бояд кайд намуд, ки табдил додани Чамъияти сахомии шакли пушида ба Чамъияти сахомии шакли кушода ё ин ки баръакс азнавташкилдихи ба шумор намеравад.[7]
Табдилдихи аз руи баъзе меъёохои хукуки ба намудхои гуногун таксимбанди карда шудааст. Табдилдихи дар шаклхои зерин:
- Табдил додани ташкилоти тичорати ба ташкилоти тичорати;
- Табдил додани ташкилоти тичорати ба ташкилоти гайритичорати;
- Табдил додани ташкилоти гайритичорати ба ташкилоти тичорати;
- Табдил додани ташкилоти гайритичорати ба гайритичорати.
Ба хар як намуди алохидаи шахси хукуки дар конунгузори коидахои махсуси азнавташкилдихиро пешбини карда шудааст. Дар баробари ин хам коидахои умуми оиди азнавташкилдихи вучуд доранд.
Азнавташкилдихи аз руи коида бо карори муассисон шахси хукуки, яъне ба таври озодона аз руи хохиш ё ин ки бо карори макомоти дахлдори давлати яъне мачбури гузаронида мешавад.
Умуман азнавташкилдихи бо карори муассисон бе мачбуркунии макомотхои дахлдори давлати гузаронида мешавад. Аз ин истисно низ вучуд дорад. Хангоми азнавташкилдихии ташкилотхои тичорати дар шакли мутахидшави як ё якчанд ташкилти тичорати бо карори макомоти зиддимонополисти гузаронида мешавад.
Ба таври мачбури гузаронидани азнавташкилдихи бевосита дар конунгузори нишондода шудааст. Мувофики кодекси граждании Чумхурии Точикистон бо маrсади махдуд сохтани фаъолияти инхисори (монополисти) дар конун мумкин аст холатхо ва тартиби мачбуран азнавташкилдихии ташкилотхои тичорати дар асоси карори суд пешбини карда шавад.
Агар муассисони (иштирокчиёни) шахси хукуки, макоми ваколатдори онхо ё макоми шахси хукуки, ки тибrи хуччатои таъсис барои азнавташкилдихии он ваколатдор аст, азнавташкилдихии шахси хукукиро дар мухлати мукаррарнамудаи карори суд ба амал набароранд, суд аз чумлаи шахси гайр мудири (идоракунии беруна) шахси хукукиро таъин намуда, ба у супориш медихад, ки азнавташкилдихии шахси хукукиро ба амал барорад. Аз лахзаи таъин гардидани мудири гайр ваколати идора намудани корхои шахси хукуки ба зиммаи у мегузарад. Мудири гайр аз номи шахси хукуки дар суд баромад мекунад ва баланси таксимотро тартиб дода, онро якчоя бо хуччатхои таъсисии шахси хукуки дар натичаи азнавташкилдихи бавучудоянда чихати тасдик ба суд месупорад. Аз чониби суд тасдик гардидани хуччатхои мазкур барои бакайдгирии давлатии шахси хукукии навтаъсис асос мебошад. Ба таври мачбури гузаронидани азнавташкилдихи дорои хусусиятхои худ мебошад, ки онхо чунинанд:
¨ Азнавташкилдихии мачбури ба инкишофи ракобат оварда мерасонад;
¨ Назорати давлатиро пурзур мегардонад. Асосан назорати давлати оиди конунгузории зиддиинхисори;
¨ Огохкуни махдудкуни ва пешгири намудани фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона.
Азнавташкилдихи хамон вакт ба амал бароварда мешавад ки ташкилоти тичорати дар шакли хамрохкуни аз лахзаи ба фехрасти давлатии шахси хукуки дохил кардани сабт дар бораи катъи фаъолияти шахси хукукии хамрохгардида.
Азнавташкилдихии ташкилотхои тичорати дар шакли мутахидшави, таксимшави, чудошави ва табдилдихи аз лахзаи бакайдгирии шахси хукукии навтаъсис ба амал бароварда мешавад.
Хукуку ухдадорихои ташкилтхои тичоратии хангоми азнавташкилдихи ба воситаи акти супоридан ва баланси таксимот гузаронида мешавад.
Акти супурдан ва баланси таксимот бояд мувофики мукаррарот оиди гузаштани хамаи ухдадорихои шахси хукукии азнавташкилшуда нисбати хамаи кредиторону карздорони у, аз чумла ухдадорихои мавриди бахси тарафайн карор доштаро хам дар бар гирифта бошад.
Акти супоридан ва баланси таксимот бояд аз тарафи муассисони ташкилоти тичорати ва макомоти давлатие ки карор дар бораи азнавташкилдихии ташкилот кабул кардааст тасдик карда мешавад. Акти супурдан ва баланси таксимот баъд аз тасдик шуданаш бо хучатхои дигари таъсисдихи барои аз кайди давлати гузаронидани ташкилоти навтаъсисдодашванда ё барои даровардани тагйиру иловахо ба хуччатхои таъсисдихии ташкилоти тичоратии мавчуда пешниход карда мешавад. Бо акти супурдан асосан дар шакли азнавташкилдихи дар шакли мутахидшави, хамрохшави ва табдилдихи шуда метавонад. Бо баланси таксимот бошад дар шакли таксимшави ва чудошави.
Якчоя бо хуччатои таъсис пешниход накардани мутобикан акти супурдан ва баланси таксимот, мукаррарот оиди гузаштани ухдадорихои шахси хукукии азнавташкилшуда боиси рад кардани бакайдгирии давлатии навтаъсис мегардад. Азбаски намудхои шахсони хукуки зиёд мебошанд мо бештар масъалахои хукукии азнавташкилдихии чамъиятхои сахомиро мавриди барраси карор медихем.
2. Проблемахое ки дар рафти азнавташкилдихи бавучуд меоянд
Умуман дар рафти азнавташкилдихи проблемахои гуногун бавучуд омаданашон мумкин аст.
1. Яке аз проблемахои мухиме ки дар рафти азнавташкилдихи диккатчалбкунанда аст ин хифзи хукук ва манфиатхои кредиторони чамъияти саххомии азнавташкилдиханда мебошад. Ин проблема барои хама шаклхои азнавташкилдихи хеле мухим мебошад. Мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкилот ё чамъият ухдадор аст ки дар мухлати муайяншуда кредиторонро ба таври хатти дар бораи гузаронидани азнавташкилдихи огох созад. Конунхои алохида дар бораи чамъият ва ташкилотхо ин мухлатро ба таври аник нишон додаанд. Ин мухлат 30 руз мебошад. Баъди 30 рузи кабули карор аз чониби муассисони ташкилот ё Мачлиси умуми дар бораи азнавташкидихи тамоми кредиторонро ба таври хатти огох намояд, ва дар ин бора дар нашрия маълумоти заруриро чоп намояд. Мавчуд будани ба таври хатти огохонидани кредиторон барои ворид намудани сабт оид ба катъи фаъолияти ташкилот зарури ва хатми мебошад. Проблемаи асоси дар инчо камбудии конунгузори хангоми риоя накардани дар мухлати 30 руза огохонидани кредиторон ва нашр накардани маълумот дар нашрияхо дахлдор мебошад. Окибати риоя нашудани ин шартхоро конунгузор нишон надодааст. Масалан дар мухлати 40 руз баъди кабули карор кредиторон огох карда шаванд ё ин ки тамоман огох карда нашуда бошанду лекин кредиторон оиди азнавташкилдихи аз дигар сарчашмахо маълумот гирифта бошанд. Окибати риоя накардани ин талаботхо конунгузори чизе пешбини накардааст. Агар тачрибаи давлатхои хоричаро назар афканем оиди хукуи талаб кардани ичрои пурраи ухдадори аз тарафи кредиторон ба куллу фарк дорад ва ба манфиати кор аст. Масалан: мувофики моддаи 22 конуни Германия дар бораи азнавташкилдихи кредиторон хукук доранд дар давоми 6 мох баъд аз ба кайд гирифтани муттахидшави дар реестри чои чойгиршавии ташкилот аз чамъияте ки хукукхои ташкилотро кабул намудааст бо пешниходи далелхои катъи ки муттахидшави ба хукукхои тахдид мекунад.[8] Огохинома бояд дорои маълумотхои зерин бошад: