Смекни!
smekni.com

Конституция Республики Таджикистан и проблема формирования правовой экономики (стр. 27 из 29)

Ба балоѓат расидани кўдак ба шањодатномаи таваллуди кўдак, ишносномаи ў тасдиќ мегардад. Кўдаки ба 18-солагї расида ќобилияти пурраи амалкунї дорад, субъекти мустаќили тамоми муносибатњои њуќуќї пайдошуда мебошад ва ба тарбия мўњтољ нест. Аз ин сабаб ин воќеият асоси беэътибор донистани фарзандхондї муќаррар шудааст.

Дигар њолати беэтибор донистани фарзандхондии кўдак бевосита ба шахсияти фарзандхондкарда вобаста аст. Њолатњои номбаркардаи ќонун аз он шањодат мекунад, ки шахси фарзандхондкарда ба анљом додани ин амалиёт њуќуќ надошт.[71]

Аз мазмуни моддаи 145 КО Љумњурии Тољикистон чунин бармеояд, ки њангоми мављуд будани асосњои ќонун муќаррар карда суд њуќуќ дорад, лекин вазифадор нест, ки дар њамаи њолатњо фарзандхондии кўдакро беэътибор эътироф намояд. Тахмин кардан мумкин аст, ки њангоми мављуд будани ду њолати аввалаи пешбиникардаи моддаи 145 КО Љумњурии Тољикистон (пешнињоди њуљљатњои ќалбакї ва фарзандхондии ќалбакї), вобаста ба њолатњои мушаххаси кор (фарзандхондкарда фикрашро таѓйир додаст бо кўдак муносибати хайрхоњона пайдо карда бо тарбия ў машѓул аст, кўдак ба вай мењр бастааст ва ѓайра) ва ба манфиати кўдак будани фарзандхондї суд њуќуќ дорад дар ин маврид даъвои беэътибор донистани фарзандхондиро рад намояд. Аммо њангоми мављуд будани 6 њолати боќимондаи моддаи мазкур пешбиникарда, ки онњо ба талаботи ќ.1. моддаи 125 ва ќ.1. моддаи 127 КО Љумњурии Тољикистон мувофиќат мекунад, суд вазифадор аст фарзандхондиро беэътибор созад, чунки моддањои охирини номбурда бо ба инобат гирифтани њимояи манфиати кўдак ба таври хаттї (императивї) фарзандхондии кўдакро истисно мекунад.

Беэътибор донистани фарзандхондї боиси оќибатњои њуќуќї мегардад. Оќибати беэътибор донистани фарзандхондии кўдак дар моддаи 146 КО Љумњурии Тољикистон дарљ ёфтааст, ки тибќи он «фарзандхондии кўдак аз лањзаи ќабули њалнома дар бораи фарзандхондї беэътибор дониста мешавад».

Ба таври мушаххас муайян намудани асоси беэътибор донистани фарзандхондї ва фарќ кардани он аз асоси бекор кардани фарзандхондї ба манфиати кўдак таъсир дорад. Фарзандхондї дар асоси њалномаи эътибори ќонунї пайдо кардаи суд беэътибор дониста мешавад. Як хусусияти беэътибор донистани фарзандхондї аз он иборат аст, ки дар натиљаи он муносибат оид ба фарзандхондї умуман вуљуд надошта аз њуќуќу ўњдадорињои фарзандхондию хешовандони ў ва фарзандхонд пайдо нашуда эътироф мегардад. Новобаста аз ин оќибат тамоми харољоте, ки фарзандхондкарда барои фарзандхондшуда дар давоми фарзандхонї сарф намудааст, ба ў баргардонида намешавад. Бо ин оќибатњои њуќуќи беэътибор донистани фарзандхондї аз оќибатњои њуќуќї бекор кардани фарзандхондї фарќ мекунад.

Суд дар њалномаи беэътибор донистани фарзандхондї таќдири минбаъдаи кўдакро низ бояд њал намояд. Азбаски фарзандхондї дар маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї сабт мегардад, ќонунгузор судро вазифадор менамояд, ки дар муддати се рўз дар бораи эътибори ќонунї пайдо кардани њалнома ба он хабар дињад. Њалномаи суд ба маќомоти фарзандхондиро сабт намуда барои беэътибор намудани сабти фарзандхондї ва барќарор кардани сабти аввала асоси ќонунї мешавад. Мувофиќи маќсад аст, ки нусхаи њалнома ба суде, ки дар бораи фарзандхондии кўдак ќарор ќабул карда буд, барои маълумот фиристода шавад.

Тибќи ќ.3. моддаи 140 КО Љумњурии Тољикистон «Фарзандхондї аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кўдак ќатъ мегардад».

Њангоми ќатъ кардани фарзандхондї пас аз эътибори ќонунї гирифтани њалнома дар ин бора муносибатњои фарзандхондшуда бо фарзандхондкарда танњо барои оянда барњам мехўрад. Бо ин лањзаи барњамхўрии муносибатњо бекор кардан аз беэътибор донистани фарзандхондї фарќ мекунад. Худи фарзандхондї аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани њалнома ќатъ мегардад.[72]

Пас аз эътибори ќонунї пайдо кардани њалнома дар бораи бекор кардани фарзандхондї суд њангоми ќонеъ кардани даъво вазифадор аст, ки дар давоми се рўз иќтибоси њалномаро ба маќомоти сабти асноди њолати шањрвандии мањаллї баќайдгирии давлатии фарзандхондї фиристад. Маќсад аз чунин амал аз он иборат аст, ки вобаста аз мазмуни ќисми хулосавии њалнома дар асноди сабти фарзандхондии кўдак таѓйиротњои дахлдор ворид карда шавад. Дар ќисми хулосавии њалномаи суд оид ба бекор кардани фарзандхондї ба таври мушаххас дар санади сабти таваллуди кўдак маълумотњои пештара дар бораи волидон барќарор карда мешаванд, ба кўдак ном, фамилия, номи падар пас аз бекор кардани фарзандхондї дода мешавад ё ин ки дар њамон ном, фамилия, номи падар мондани кўдак ва дигар масъалањои марбути он зикр карда мешавад.

Асосњо барои бекор кардани фарзандхондии кўдак дар асоси чунин ҳолатҳо сурат мегирад:

- агар фарзандхондкардагон аз иљрои вазифањои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарї саркашї намоянд;

- аз њуќуќи падару модарии худ сўистифода намоянд;

- бо кўдакони фарзандхондкардаашон муносибати берањмона дошта, майзада ё нашъаманди ашадї бошанд.

Ќонунгузор асосњои бекор кардани фарзандхондии кўдакро бо номгўи ќ.1. моддаи 141 КО Љумњурии Тољикистон мањдуд накардааст. Муайян кардани асосњои дигари бекор кардани фарзандхондии кўдакро ќонунгузор ба ихтиёри суд вогузор нашудааст. Ихтиёрдории суд вобаста ба манфиати кўдак ва фикри кўдаки ба синни 10-солагї расида анљом дода мешавад.

Асосњои дигари бекор кардани фарзандхондии кўдак њамон ваќт ба инобат гирифта мешавад, агар он ба шароити мўтадили тарбияи кўдак зиёни љиддї расонад. Агар њангоми баррасии парванда кўдак ба сини 10-солагї расида бошад, фикри ўро оил ба њалли масъала суд ба инобат мегирад.

Шахсони зерин њуќуќи талаби бекор кардани фарзандхондиро доранд; падару модари њаќиќии кўдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онњо) кўдакони фарзандхондшуда, ки ба синни 14-солагї расидаанд, маќомоти васояту парасторї, инчунин прокурор доро мебошад.

Фарзандхондии кўдак ба тартиби судї бекор карда мешавад. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кўдак бо иштироки маќоми васояту парасторї, инчунин прокурор баррасї мешавад.

Азбаски шахсоне, ки њуќуќи талаб кардани бекоркунии фарзандхондиро доранд, дар моддаи 142 КО Љумњурии Тољикистон мустањкам шудааст.

Ба сифати онњо баромад менамоянд; падару модари њаќиќии кўдаки фарзандхондшуда, фарзанхондкардагони (яке аз онњо) кўдакони фарзандхондшуда, ки ба синни 14-солагї расидаанд, маќомоти васояту парасторї ва прокурор.

Агар шахсон ва маќомотњои дар моддаи 142 КО Љумњурии Тољикистон номбар нашуда ба даъвои бекор намудани фарзандхондии кўдак ба суд мурољиат намояд, он гоњ суд мутобиќи талаботи моддаи 136 КМГ Љумњурии Тољикистон ќабули аризаи даъвогиро рад менамояд. Њангоми аз љониби шахсони алоњида, маќомотњои давлатии дар боло номбаршуда, иттињодияњои љамъиятї маълум намудани поймол кардани њуќуќу манфиатњои кўдаки фарзандхондшуда онњо метавонанд ба маќомти васояту парасторї ва прокурор дар ин бора маълумот дињанд. Маќомотњои номбурда дар доираи салоњияташон маълумотњои гирифтаро санљида пас аз он њуќуќи худ оид ба пешнињоди даъво дар бораи бекор кардани фарзандхондии кўдак ба суд истифода менамоянд.

Ќонунгузор њамчун ќоидаи умумї бекор кардани фарзандхондии кўдакро, агар ў то пешнињод кардани даъво оид ба бекор кардани фарзандхондї ба балоѓат, яъне ба синни 18-солагї расида бошад, рад мекунад. Лекин ќонун њолатњои истисноиро муќаррар кардааст. Њангоми мављуд будани розигии байни фарзандхондкарда ва фарзандхондшуда инчунин волидони кўдак бекор кардани фарзандхондии кўдаки ба балоѓатрасида имконпазир мегардад. Дар мавриди набудани розигии яке аз шахсони номбурда фарзандхондкарда, фарзандхондшуда, волидони (яке аз онњо) кўдак даъво оид ба бекор кардани фарзандхондї баъди ба балоѓат расидани кўдаки фарзандхондшуда рад карда мешавад.

Бекор кардани фарзандхондии кўдак боиси оќибатњои зерин мегардад. Тибќи ќ.1. моддаи 143 КО Љумњурии Тољикистон дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд њуќуќу ўњдадорињои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш ќатъ гардида, њуќуќу ўњдадорињои байни кўдак ва волидону хешовандонаш барќарор карда мешавад, агар инро манфиати кўдак таќозо кунад.

Дар чунин њолат кўдак бо њалномаи суд ба волидонаш супорида мешавад. Дар сурати набудани волидон, инчунин агар ба волидон супурдани кўдак хилофи манфиати ў бошад, кўдак ба тарбияи маќомоту васояту парасторї дода мешавад.

Суд њангоми баровардани њалнома њамчунин бояд масъалаи нигоњ доштан ё надоштани ном, номи падар ва фамилияи кўдакро бо сабаби фарзандхондї ба ў дода шудаанд, њал намояд. Агар кўдак дар синни 10 – солагї расида бошад дигар кардани ном, фамилия ё номи падари кўдак танњо ба розигии ў мумкин аст.

Пас аз бекор кардани фарзандхондї ба таври истиснои ўњдадорињои фарзандхондкардаи собиќ оид ба таъминоти кўдак боќї мемонад. Ин талаботи ќонун аз њимояи манфиати кўдак бар меояд. Њалли ин масъала ба ихтиёрдории суд њавола шудааст. Яъне суд вазифадор набуда, балки њуќуќ дорад, ки вобаста аз њолатњои мушаххаси парванда пас аз фарзандхондї, ба таъминот то кадом андоза мўњтољ будани кўдакро муайян намуда, масъалаи таъминоти ўро њал намояд. Агар кўдак ба волидони аслии худ дода шавад, он гоњ масъалаи таъминоти кўдак аз љониби фарзандхондкардагони собиќ аз имкон берун аст. Дар мавриди эњтиёљманд будани кўдак ба таъминот суд њуќуќ дорад аз фарзандхондкардаи собиќ ба фоидаи ў ба таври њисса ё ба маблаѓи устувор алимент рўёнад. Дар њалномаи суд оид ба бекор кардани фарзандхондї инчунин андозаи маблаѓи алимент, лањзаи оѓози алиментдињї то ба балоѓат расидани кўдак њатман нишон дода мешавад.


Нурова К.Н. Ассистент кафедры: